Рафти иҷроиши Барномаи иммунопрофилактика ва баррасии якчанд масъалаҳо дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат

Рафти иҷроиши Барномаи иммунопрофилактика ва баррасии якчанд масъалаҳо дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат
Ноябр 30
17:16 2020

Имрӯз, 30 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон ”Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Самариддин Ализода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, инчунин сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ширкат намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, мавзӯъҳои баррасишавандаро муаррифӣ намуд.

«Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» Сайдалӣ Ҳафизов, муовини сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии вазорат баромад намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2020, №241 «Дар бораи саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021»-ро сармашқи кори худ қарор дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида, аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрӯз амалӣ шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расидаву ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар соли ҷорӣ ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои маводи ғизоӣ 21,3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври муқарраргардида, картошка 252,5 тонна (94,6%), пиёз 121,5 тонна (90,0%),  равған  39533,8 литр (104,6%), орд  261,8 тонна (96,6%) ва дигар намуди хӯрока 178,8 тонна (97,5%) захира  карда шудааст.

Ҳамзамон, барои таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  барои зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 сӯзишворӣ тибқи нақша  ангишт  9366,3  тонна, дар асл 9371,6 тонна (100,1%),  ҳезум 6726,8 м3, дар асл 7051,3 м3 (104,8%), сӯзишворӣ 65214,0 литр, дар асл 65709,0 литр (100,8%)  захира карда шудааст.

Пас аз шунидани мавзӯъи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар самти муътадил гузаронидани фасли зимистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи ҷаласа “Дар бораи фаъолияти илмӣ-амалии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи-акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар самти паст намудани сатҳи фавти модарӣ” директори муассисаи мазкур Гулҷаҳон Давлатзода баромад намуд.

Қайд гардид, ки муассисаи  мазкур дар мамлакат муассисаи пешбар оид ба хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак ба шумор меравад. Вазифа ва самтҳои пажӯҳишгоҳи мазкур омода намудан ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогӣ, омӯзиши омилҳои беморшавии модарон ва кӯдакон, омода сохтани заминаи асосии нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани солимии модарон ва тифлон, тайёр кардани барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ оид ба пешгирии беморшавии модарон ва кӯдакон бо дарназардошти омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, биологӣ ва экологӣ, гузаронидани чорабиниҳои ташкиливу методӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, иштирок дар кумитаҳо ва комиссияҳо,  иштироки олимони пажӯҳишгоҳ дар гурӯҳҳои корӣ оид ба мутобиқ сохтани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, тавсияҳои методӣ, модулҳои омӯзишии аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  тавсияшаванда иборат аст.

Боиси хушнудист, ки сол то сол дар пажӯҳишгоҳ сафи олимони соҳа меафзояд. Махсусан, айни замон дар муассисаи мазкур 5 нафар доктори илмҳои тиб, 42 номзади илмҳои тиб, 2 нафар профессор ва 12 нафар дотсентҳо кору фаъолият менамоянд.

Дар назди пажӯҳишгоҳ Шӯрои олимон, Шӯрои ташхиси байнисоҳавӣ оид ба момопизишкӣ ва бемориҳои занона ва Шӯрои олимону мутахассисони ҷавон фаъолият  доранд, ки дар корҳои илмӣ-амалии пажӯҳишгоҳ иштирок менамоянд. Бояд гуфт, ки то имрӯз аз тарафи кормандони пажӯҳишгоҳ зиёда аз 70 рисоли номзадӣ ва 7 рисолаи  докторӣ ҳимоя шудааст.

Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои илмӣ-татқиқотӣ соли 2017 бо фармони  Комиссияи  олии  аттестатсионии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пажӯҳишгоҳ Шӯрои диссертатсионии  6Д. КОА-011 аз рӯйи ихтисоси  акушерӣ  ва  гинекологӣ  14.01.01  тасдиқ  гардид, ки он то ҳол фаъолият менамояд. То имрӯз дар ин шӯро 24 нафар  мутахассисон аз тамоми  ҷумҳурӣ  рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намудаанд.

Яке аз ҳадафҳои асосие, ки дар назди роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”  гузошта шудааст, ин таъмини солимии модарону кӯдакон ба шумор меравад. Ҷиҳати иҷрои ин вазифаи пурмасъулият дар пажӯҳишгоҳ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Доир ба рафти иҷроиши «Барномаи  миллии  иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2016 -2020» директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Файзалӣ баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо  қоидаҳои асосии бехатар яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Таҳия ва қабули Барномаи миллии иммунопрофилактика аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 октябри соли 2016, №456) барои  солҳои 2016-2020 далели он аст, ки  Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин масъала диққати махсус медиҳад. Барномаи миллии иммунопрофилактика тамоми тарафҳои фаъолияти соҳаро оид ба мақсаду вазифаҳои он барои пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, бо таҳрезии қадамҳои алоҳида, ки барои  ҳар сол коркард шудаанд, дар бар мегирад. Зикр гардид, ки дар Барномаи миллӣ мақсадҳои соҳа, вазифаҳо, равандҳои асосӣ ва муҳлатҳои иҷроиши онҳо муайян карда шудаанд.

“Мақсади асосии Барномаи миллии иммунопрофилактика ин таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, аз байн бурдани хатари такроршавии хурӯҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак, пурзӯр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ  мебошад”,-афзуд номбурда.

Бо назардошти дастовардҳои назаррасе, ки соҳаи тандурустӣ оид ба иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятии ба ваксина идорашаванда  давоми солҳои охир ба даст овардааст, эҳтимолияти сар задани хурӯҷи бемориҳои сироятӣ комилан аз байн бурда нашудааст, бинобар ин, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ бояд доимӣ ва сифатнок бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва муосири соҳа анҷом дода шаванд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,071
  • 1,242
  • 950,091