Боздиди масъулини вазорат аз муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт: Ҳадаф-пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19

Боздиди масъулини вазорат аз муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт: Ҳадаф-пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19
Декабр 03
16:34 2020

Ҷиҳати гузаронидани корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ имрӯз, 3 декабри соли равон масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт ташриф оварданд.

Аз ҷумла Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев ва сардори шӯъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни раёсати мазкур Обидон Аминов аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дидан намуданд.

Тавре маълум гардид, дар даромадгоҳи донишгоҳҳои мазкур пости доимӣ таъсис дода шуда, тамоми донишҷӯёни ба донишгоҳҳо воридшавандаро танҳо пас аз пӯшидани ниқоб иҷозати воридшавӣ медиҳанд.

Аснои боздид муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Шодихон Ҷамшед бо ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва дигар масъулини донишгоҳи номбурда вохурӣ намуда, доир ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 дар байни донишҷӯён, махсусан пӯшидани ниқоби тиббӣ суҳбат намуд. Ҳамзамон, номбурда ба як қатор синфхонаҳои донишгоҳ ташриф оварда, бо донишҷӯён суҳбат намуд.

Дар суҳбат бо Ҷамила Мусоҷонзода, муовини ректори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ оид ба корҳои тарбиявӣ маълум гардид, ки имрӯз раёсати муассисаи мазкур дар нимаи аввали рӯз дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар донишгоҳ аксия бахшида ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави   COVID-19-ро гузаронидаанд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки имрӯз соати 15.00 бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар донишгоҳ  конфронс баргузор гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар донишгоҳ 21 нафар маъюбон таҳсил ва фаъолият доранд, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 ба маъюбон тақдим намудани як маҷмӯи мукаммал иборат аз ниқобҳо, маҳлули безараркунанда барои дастон ва маводҳои иттилоотӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мутаассифона, ба ҳамаи ин чорабиниҳо нигоҳ накарда, дар саҳни донишгоҳҳои мазкур ва дохили он донишҷӯёни бениқоб ба назар мерасиданд.

Аз ин лиҳоз, аз  масъулини донишгоҳҳои мазкур даъват ба амал оварда шуд,  ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратро оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 боз ҳам пурзӯр намоянд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 995
  • 1,242
  • 950,015