Аксияи тақсимоти ниқоби тиббии ройгон ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии бемории COVID-19

Аксияи тақсимоти ниқоби тиббии ройгон ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии бемории COVID-19
Декабр 04
16:50 2020

Бо мақсади пешгирии бемории каронавируси нави COVID-19 ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур дар байни аҳолӣ тибқи дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии  “Иттиҳоди табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе бо сокинон суҳбат-вохуриҳо доир гардида, ҳамзамон аксияи тақсимоти ройгони ниқоби тиббӣ сурат гирифт.

Чорабинии мазкур дар мавзеъҳои гуногуни шаҳри Душанбе, хосатан миёни истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ сурат гирифт, ки дар рафти он аз ҳисоби табибони ҷавон ба аҳолӣ бобати зарурати истифодаи ҳатмии ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва риояи талаботи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ҳамчун омили аслии пешгирӣ аз олудашавӣ ба бемории каронавируси COVID-19 суҳбату вохуриҳо доир гардид.

Дар рафти иқдоми пешгирифта зиёда аз 1000 адад ниқоби тиббӣ  ба аҳолӣ тақдим карда шуда, чунин ташаббус аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди табибони ҷавон” ҳамарӯза дар ҷойҳои серодам гузаронида хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750