ПОЙТАХТРО БА “ШАҲРИ САБЗ” ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ: Ҳамовозии кормандони вазорат ба Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе

ПОЙТАХТРО БА “ШАҲРИ САБЗ” ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ: Ҳамовозии кормандони вазорат ба Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе
Декабр 05
10:47 2020

Мардуми тоҷик аз қадимулайём ба зебогӣ ва зебоипарастӣ,  махсусан, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва  ниҳолшинониву боғдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд.

Дар ин радиф, зикри сухани пурҳикмате, ки аз гузаштагонамон дар самти ниҳолшинонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст, айни муддао мебошад: “Шинонидан  ва калон кардани як дарахт баробари тарбияи як фарзанди солим аст”.

Боиси хушнудист, ки бо дарки ин масъала давоми солҳои охир дар пойтахти кишвари азизамон як қатор боғҳои зебои замонавӣ бунёд ва дар онҳо садҳо дарахтони сояафакану ороишӣ шинонида шуданд, ки ҳусни Душанбеи биҳиштосоро боз ҳам зеботар менамоянд.

Инчунин, дар ин самт Муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе имрӯзҳо аз ҷониби тамоми сокинони пойтахт, кормандони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дар пойтахт кору фаъолияткунанда, новобаста аз шакли моликияташон ҳамовозии амиқ пайдо намуда, дар ин самт аллакай як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Ҷиҳаҳи ҳамовозӣ ба  Муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ба “шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум садо дод, Нақша чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба шинонидани ниҳолҳои дарахтон дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.

Бо мақсади амалӣ гардонидани Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 5 декабри соли равон аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Чашмасори шаҳри Душанбе арчаҳои ҳамешасабз шинонида шуд.

Аз руҳияи кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок доштанд, маълум буд, ки онҳо бо як масъулияти баланди сокини пойтахти кишвар будан кӯшиш менамоянд, ки дар хурраму сарсабз гардонидани Душанбеи ҳамешаҷавон саҳмгузор бошанд.

Қайд гардид, ки минбаъд  низ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода хоҳад шуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 908
  • 1,242
  • 949,928