Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Кӯлоб усулҳои расонидани ёрии аввалинро зимни офатҳои табиӣ нишон доданд

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Кӯлоб усулҳои расонидани ёрии аввалинро зимни офатҳои табиӣ нишон доданд
Декабр 05
10:50 2020

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Усулҳои расонидани ёрии аввалин ба худ ва дигарон ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ҳамоиш кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб, табибон ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи мазкур иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки вобаста ба тағйирёбии иқлими сайёра дар аксар кишварҳои ҷаҳон обхезию заминҷубӣ, сӯхтори ҷангалзор, тӯфон ва дигар офатҳо рух дода, бар асари он садҳо нафар ба ҳалокат расида истодаанд. Вале аксари одамон ба ин ҳодисаҳо омода набуда, ба осебдидагон расонидани ёрии аввалинро намедонанд.

Дар ҳамоиши мазкур донишҷӯён дар мавзӯъҳои гуногун оид ба расонидани ёрии аввалин ба осебдидагон маърӯза намуда, баъдан онро ба таври амалӣ нишон доданд. Мақсад аз ташкили чунин ҳамоишҳо миёни донишҷӯён омода кардани онҳо ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Аъзои ҳакамон ба маърӯза ва амалҳои иҷронамудаи донишҷӯёни коллеҷ диққати ҷиддӣ дода, беҳтаринҳоро зимни нишон додани тарзи расонидани ёрӣ ҳангоми шикастани дасту пой, захмҳои бадан, аз ҳуш рафтан ва ғайра муайян карданд. Барои ҳавасмандгардонӣ ба донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳои муассиса супорида шуданд.

Қарор дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани донишу малакаи донишҷӯён чунин машғулият дар оянда низ гузаронида шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 737
  • 1,242
  • 949,757