Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти беморхонаҳои ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуд (АКС)

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти беморхонаҳои ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуд (АКС)
Декабр 05
13:39 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад 4 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода аз Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи бемориҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои гузаронидани фасли зимистон дар беморхонаҳои мазкур захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрока муҳайё карда шуда, муассисаҳои номбурда ҷиҳати муътадил гузаронидани фасли зимистон омода мебошанд.

Ҳамзамон, дар беморхонаҳои мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо беморон низ мулоқот намуда, оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхонаҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 919
  • 1,242
  • 949,939