Ҷайҳун: Ба истифода додани шӯъбаи таваллуди Беморхонаи минтақавии деҳотии №3

Ҷайҳун: Ба истифода додани шӯъбаи таваллуди Беморхонаи минтақавии деҳотии №3
Декабр 05
16:21 2020

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии  босифати тиббӣ ба аҳолӣ бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.

4 декабри соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун шӯъбаи таваллуди Беморхонаи минтақавии деҳотии №3 сохта ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида ба истифода дода шуд, ки он аз 5 ҳуҷра иборат мебошад.

Аснои ба истифода додани шӯъбаи мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуданд.

Сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев зимни ба истифода додани беморхонаи мазкур таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саломатии аҳолӣ, махсусан хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарону кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Номбурда иброз дошт, ки давоми солҳои охир бо мақсади хизматрасонии босифат ва саривақтӣ ба модарону кӯдакон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат як қатор муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба истифода дода шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 25
  • 797
  • 1,242
  • 949,817