Бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 машварати онлайнӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон иштирок намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода зимни баромади хеш дар ҷаласаи мазкур иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории мазкур тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.
Дар идома иштирокчиён доир ба роҳҳои пешгирии бемории мазкур, махсусан доир ба ваксинаи зидди бемории COVID-19 низ мубодилаи афкор намуданд.