Иҷрокунандаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҷиҳати ба анҷом расонидани сохтмони биноҳои ёрирасони ёрии таъҷилӣ, бинои марҳумхона (морг) ва нуқтаи фурӯши дорухона аз бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан намуд.
Зимни боздид бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ, ҷорӣ намудани бақайдгирии рақамии беморон ва назорати доимии шахсони бистаришуда ба масъулини беморхона дастуру супоришҳо дода шуд.
Ҳамзамон, иҷрокунандаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз ҳуҷраҳои табобатгирандагон дидан намуда, бо сокинони бистаригардида суҳбат намуд. Зимни суҳбат шаҳрванд Халилов Содиқ, истиқоматкунандаи деҳоти Кабудсанг, ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан аз хизматрасонии табибон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои бунёди чунин беморхонаи нави бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд.
Бояд гуфт, ки номбурда қаблан аз ҷониби иҷрокунандаи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аёдат карда шуда, бо ҳамроҳии ҳамсараш дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷаент ба табобати ройгон фаро гирифта шудааст.