Нашри чоруми Маҷмӯи дастурҳои клиникӣ дастраси табибон гардид

Нашри чоруми Маҷмӯи дастурҳои клиникӣ дастраси табибон гардид
Декабр 07
15:16 2020

Нашри чоруми “Маҷмӯи дастурҳои клиникӣ оид ба ташхису табобати беморон дар сатҳи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияти тиббию санитарӣ” аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”  ва бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ дар   ҳаҷми 9760 нусха нашр ва дастраси табибон гардонида шуд.

Маҷмӯи дастурамали зикршуда оид ба амалияи клиникӣ барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  тағйиру илова ба нашрҳои аввал мебошад. Бояд гуфт, ки нашри аввали он соли 2002 интишор шуда, 20 номгӯи мушкилоти клиникиро дарбар мегирифт. Инчунин, нашри дуюм 48 номгуи бемориҳо, нашри сеюм бошад, 85 номгуро фаро гирифта буд. Инак, нашри чоруми маҷмуи дастурҳои клиникӣ бо фарогирии табобати 110 номгуи бемориҳо пешниҳоди табибон гардид.

Дар маҷмуи дастурамали мазкур пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба табобати баъзе бемориҳои асосӣ ба назар гирифта шудааст. Дар замима Рӯйхати дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2014, №131 тасдиқ шудааст, ҷой дода шудааст.

Мақсади боздиди ин дастурамал пешниҳоди маълумоти муосир ба табибони оилавӣ оид ба пешгирӣ, дарёфти барвақтӣ, ташхис, барқарорсозии саломатии беморон, табобат, кӯмаки сифатноки тиббӣ, дарёфти тавсияҳои муносиб аз ҷониби табибони оилавӣ бо назардошти хусусиятҳои фардии бемор ва малакаҳои кордонӣ мебошад. Дар маҷмуи дастурамал тавсияҳои клиникӣ ва протоколҳои табобат, ташхиси бемориҳо ҷамъ оварда шудааст, ки аз тарафи Ассотсиатсияи тибби профессионалӣ ва мутахассисони марказҳои махсусгардонидашуда ба фаъолияти кории табибони оилавӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Дастурамалро метавонанд дигар мутахассисони соҳаи тиб, ки ба сатҳи КАТС ёрии тиббӣ мерасонанд, инчунин, донишҷӯён ва бозомӯзони мактабҳои олии тиббӣ, ташкилотчиёни тандурустӣ истифода баранд.

Яке аз афзалияти ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ барои солҳои 2016-2020 бармеояд, ин такмилдиҳии кумаки аввалияи тиббӣ санитарии сифатан нав дар асоси тибби оилавӣ мебошад. Аз назари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, КАТС яке аз воситаҳои асосӣ ва барандаи мувафақиятҳои стратегияи солимии ҷомеа мебошад.

Бояд гуфт, ки табиби оилавӣ  нафаре мебошад, ки бемор нахуст ба ӯ муроҷиат менамояд. Бинобар ин, дастурамали мазкур дар асоси тавсифномаи тахассусии табиби оилавӣ тайёр карда шудааст.

Дар айни замон барои  мутахассисони соҳа, ки дар  шаҳру деҳоти кишвар фаъолият доранд, ин Дастурамал ҳамчун китоби рӯимизӣ метавонад хизмат кунад. Он воқеан раҳнамоест, ки табиб бо истифода аз он метавонад чанд самти табобати собитшударо истифода карда, ба аҳолӣ хизмати босифату саривақтӣ расонад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993