Семинар-машварати онлайнӣ бо иштироки доктор Ораш Алоӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19

Семинар-машварати онлайнӣ бо иштироки доктор Ораш Алоӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19
Декабр 08
08:55 2020

7 декабри соли равон  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 семинар-машварати онлайнӣ доир гардид, ки дар он директори Институти саломатии ИМА доктор Ораш Алоӣ, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва табибоне, ки бевосита гирифторони коронавируси нави COVID-19-ро табобат мекунанд, иштирок намуданд.

Директори Институти саломатии ИМА доктор Ораш Алоӣ зимни семинар-машварати мазкур доир ба усулҳои нави ташхис ва табобати бемории COVID-19 ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки яке аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва хона пайваста тирезаҳоро боз намудан мебошад. Гуфта шуд, ки ин омил метавонад ҷиҳати сироят нашудани шаҳрвандон ба бемории мазкур мусоидат намояд.

Дар ин росто, қайд гардид, ки риояи ҳатмии реҷаи ниқоб низ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 хеле манфиатбахш мебошад. Бинобар ин, таъкид гардид, ки бояд масъалаи мазкур ҳарчи бештар ба мардум фаҳмонида шавад.

Инчунин, директори Институти саломатии ИМА доктор Ораш Алоӣ як сабаби кам гирифтор шудан ва  фавт аз онро дар кишвар  бар асари бемории COVID-19 ба он рабт намуд, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва ҷойҳои издиҳом дар он кам вуҷуд доранд.  Гуфта шуд, ки чун аксар мардуми Тоҷикистон дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, дар он ҷойҳо метавон фосилаи иҷтимоиро ба хубӣ риоя кард

Дар охир миёни иштирокчиёни семинар-машварати мазкур дар самти роҳҳои табобати бемории коронавируси нави COVID-19 бахши саволу ҷавоб доир гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 971
  • 1,242
  • 949,991