Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи муассисаҳои тандурустии кишвар, махсусан, омодагии онҳо ба давраи зимистон ва баррасии дигар масъалаҳо гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.
Шаби 7 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Норак боздид ба амал овард.
Дар баробари шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаи мазкур, ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода бо як қатор беморон, ки дар муассисаи мазкур ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуд.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар Беморхонаи марказии шаҳри Норак ҷиҳати муътадил гузаронидани фасли зимистон маводи сӯзишворӣ ва хӯрока ба таври лозима захира карда шудааст.
Дар охир аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон ба масъулини беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.