Суҳбат-вохуриҳо бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ

Суҳбат-вохуриҳо бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ
Декабр 08
13:28 2020

Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди табибони ҷавон”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҷойҳои серодами пойтахт аксияи тақсимоти ройгони ниқобҳои тиббӣ ва суҳбат-вохуриҳо  дар шакли гардиши ҳавлигӣ ба роҳ мондааст.

Имрӯз, 8 декабри соли равон бо ташаббуси “Иттиҳоди табибони ҷавон” чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ ва аксияи тақсимоти ройгони ниқобҳои тиббӣ ба аҳолӣ бо иштироки беш аз 120 нафар табибони ҷавон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар марказҳои саломатии шаҳрии №2, №9 ва №10 гузаронида шуд.

Инчунин, дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби табибони ҷавон ба шаҳрвандоне, ки ниқоби тиббӣ надоранд, зарурат ва моҳияти пӯшидани ниқоби тиббӣ бо мақсади  эмин нигоҳ доштани саломатии хеш аз гирифтор шудан ба бемории коронавируси  нави COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки ниқоби тиббӣ надоранд, аз ҷониби табибони ҷавон ба онҳо ниқоб тақсим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172