Бо иштироки муовинони вазир дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид

Бо иштироки муовинони вазир дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид
Декабр 08
16:12 2020

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Зулфия Абдусаматзода, муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Ятимзода А.С., сартабиби беморхонаи мазкур Раҳмонов С.Қ. ва менеҷери шабакаи КАТС-и шаҳр Холов Ш.Ш. доир ба пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ,  одоби муоширати табибон бо беморон, омодагӣ ва муътадил гузаронидани фасли зимистон ва дигар масъалаҳо ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид.

Ҷаласаро сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Раҳмонов С.Қ. ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур  Муҳсинзода дод.

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни суханронии хеш иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласаи ғайринавбатӣ дар беморхонаи мазкур бори дигар таваҷҷуҳи  масъулинро ба масъалаҳои  беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан, ба модарону кӯдакон, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, одоби муоширати табибон бо беморон, омодагии ҳамаҷонибаи муассисаи мазкур барои муътадил гузаронидани фасли зимистон ҷалб  намудан мебошад.

Зикр гардид, ки новобаста аз пешравӣ ва дастовардҳои назаррас дар  фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат,  ҳанӯз ҳам дар муассисаи мазкур дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мушкилот ва камбудиҳо низ ҷой доранд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки ғамхориҳои доимии Сарвари давлат  ба соҳа мо-кормандони соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам масъул ва вазифадор менамояд, ки аз  пештара бештар дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ кӯшиш ва талош намоем.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ғафур Муҳсинзода пешниҳод карда шуд, ки дар беморхонаи мазкур муовини сартабиб оид ба масъалаи  модар ва кӯдак ташкил карда шавад.

Муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Ятимзода А.С  иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ минбаъд низ талош хоҳад намуд.

Дар охири ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба масъулини беморхона дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 972
  • 1,242
  • 949,992