Тибқи супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 8 декабри соли равон Бандаев Илҳомҷон, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии вазорат ва кормандони раёсати мазкур аз рафти фаъолияти Пажӯҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон ва таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи ташрифи масъулини вазорат ба муассисаҳои мазкур-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита бо рафти хизматрасонии онҳо, саривақт бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ мебошад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.