Бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омори тиб” таъсис ёфт

Бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Омори тиб” таъсис ёфт
Декабр 10
13:40 2020

Бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  имрӯз, 10 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тибби”-ӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соати сиёсӣ доир гардид, ки дар он  муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Ҷумахон Ҷурахонзода,  директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тибби”-ӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Сафарова, мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Замира Муҳамадуллоева ва кормандони муассисаи мазкур иштирок доштанд.

Ҷумахон Ҷурахонзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни баромади хеш ҳозиринро ба муносибати   26-умин солгарди таъсисёбии  ҲХДТ  табрик ва муборакбод намуда, оид ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти  он маърӯза кард.

Ҳамзамон, бахшида ин санаи муҳими таърихӣ барои тамоми ҳизбиёну ҳамсафони кишвар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омори тиб” таъсис ёфт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории иштирокчиён раиси ташкилот Гулрухсор Сафарова ва Шаҳноза Дустова котиб интихоб гардиданд.

Ҳамзамон, ба ҳафт нафар кормандони фаъоли марказ шаҳодатномаи ҲХДТ тақдим гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 672
  • 1,242
  • 949,692