Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳлили вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишвар, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунандаи он ва гаштҳои хонагӣ ҳамарӯза ду маротиба ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирӣ ва табобати бемории мазкур ба тариқи онлайн доир мегардад, ки дар он вазир, муовинони вазир, сардорони раёсатҳо, роҳбарони муассисаҳоии тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок менамоянд.
Дар кори ҷаласаи ситоди вазорат масъалаҳои таҳлили амиқи вазъи бемории COVID-19 дар мамлакат, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, омодагии муассисаҳои тандурустии кишвар барои муътадил гузаронидани фасли зимистон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни ҷаласаи ситоди вазорат доир ба пурзӯр намудани чораҳои пешигиркунандаи бемории коронавируси нави COVID-19, махсусан, ҷоннок гардонидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ҳатмии ниқоб дар байни аҳолӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад.