Ятимони Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бо либосҳои варзишӣ таъмин гардиданд

Ятимони Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бо либосҳои варзишӣ таъмин гардиданд
Декабр 15
14:11 2020

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳамаи тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони шаҳр либосҳои варзишӣ, пойафзол ва бастаи шириниҳо тақдим ва барояшон дастархони идона кушода шуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад,  ҷиҳати риояи талаботи беҳдоштӣ дар муассиса аз ҷониби Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода  тарбиятгирандагон ва кормандони муассиса бо ниқоб ва маводи зиддиуфунатӣ таъмин шуданд.

Сардухтури шаҳри Турсунзода Тоҷиддин Ятимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  “ятимони Хонаи кӯдакони шаҳр ба таври доимӣ зери назорати табибони беморхонаи марказӣ қарор дошта, аз табобату хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор мебошанд. Чанд маротиба шуд, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ муассисаро бо маводи безараргардонию зиддиуфунатӣ ва ниқобҳо таъмин менамоем”.

Ёдовар мешавем, ки дастгирии ятимону ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он кас барои дастгирии ин қишри ҷомеа ҳамеша ба мансабдорону соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Дар ин асос  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо саховатмандону эҳсонкорон ҳамкории зич ба роҳ монда, ниёзмандонро пайваста дастгирӣ менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 28
  • 787
  • 1,242
  • 949,807