Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ба корҳои тадқиқотиву илмӣ, таҳияи фишурда ва мақолаҳои илмӣ, мустаҳкамсозии тавонбахшии маъюбон бо корҳои илман асоснокшуда ва амсоли онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иқтидори зеҳнии мутахассисони соҳаро ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ равона сохтааст.
Аз аввали сол то ин ҷониб олимон ва ходимони илмии муассиса 15 мақолаҳои илмӣ тарҳрезӣ намуда, барои нашр ба маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ ва маҷмӯаҳои илмии муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.
Айни замон дар муассисаи мазкур 4 нафар унвонҷӯй ва 1 нафар докторант фаъолият намуда, мунтазам дар таҳлили вазъи кунунии корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар масоили усулҳои тавонбахшии маъюбон ва барқарорсозии қобилияти кории онҳо, омодасозии мақолаҳои илмӣ ва ғайра мубодилаи таҷриба намуда истодаанд.
Соли ҷорӣ мавзӯи фармоишии “Баҳодиҳии тиббию иҷтимоии самаранокии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” ба анҷом расонида шуда, ҳисоботи пурраи он тибқи нақшаҳои қаблан тасдиқшуда пас аз баррасӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муассиса дар доираи мавзӯи фармоишии “Роҳҳои беҳтаргардонии системаи тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” идома ёфт.
(Акс аз бойгонии moh.tj)