Боздиди гурӯҳи кории вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ноҳияи Ёвон

Апрел 12
13:43 2017
Имрӯз сафари гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон идома ёфт. Гурӯҳи корӣ бо сарварии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода нахуст аз Беморхонаи марказии ноҳия боздид ба амал оварда, бо имкониятҳои ташхисиву табобатии он дар шӯъбаҳои бемориҳои даруна, шӯъбаи таваллуд, шӯъбаи бемориҳои кӯдакона  аз наздик ошно шуданд. Зикр бояд кард, ки шӯъбаи таваллудии ин Беморхона бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Олмонии рушд таҷдиду таъмир карда шуда, бо дастгоҳҳои муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки барои ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ва ба дунё овардани насли солим мусоид аст.  Ҳамчунин  фаъолияти кории мутахассисон ва шароити кор дар Маркази саломатии ноҳия мавриди санҷиш қарор дода шуд.
  Сипас  гурӯҳи корӣ аз Маркази минтақавии будубоши калонсолон “Умед”, Маркази будубоши рӯзонаи ноҳияи Ёвон барои пиронсолон ва маъюбон дидан намуда, бо шароити зисту зиндагонӣ, хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ дар ин  марказҳо  ошно шуданд. Вазир  Насим Олимзода ва муттахассисони баландпояи соҳа, ки шомили ин гурӯҳи корӣ буданд, барои боз ҳам хубтару беҳтар кардани шароит дар ин муассисаҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Рафти таълиму тарбия ва омӯзиши касб дар коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон аз ҷониби гурӯҳи корӣ ва устодони соҳа бори дигар санҷида шуд. Дар ин  муассисаи таълимӣ низ барои баланд бардоштаги сифати  омодасозии кадрҳо ба омӯзгорону мутахассисони маҳаллӣ як қатор маслиҳатҳои муфиду судманд  дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 982
  • 1,242
  • 950,002