Мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти ташхиси бемории COVID-19 соҳиби сертификат гардиданд

Мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти ташхиси бемории COVID-19 соҳиби сертификат гардиданд
Декабр 17
14:47 2020

Имрӯз, 17 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 нафар мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ  пас аз хатми давраи омӯзиши ташхиси COVID-19 шаҳодатномаҳо супорида шуданд. Тренинг дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати «CENTOGENE»-и биотехникаи олмонӣ дар мавзӯи “Дастгирии озмоиши SARS-CoV-2 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ” гузаронида шуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни тақдими сертификатҳо ба мутахассисон иброз намуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19 дониш ва таҷрибаи  худро такмил доданд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи миллии референсӣ яке аз шарикони доимии байналмилалӣ мебошад, ки бо мавод ва дастгоҳҳои озмоишӣ барои санҷиши SARS-CoV-2 таъмин менамояд. Ширкати “CENTOGENE” ширкати техникӣ буда, дастгирии омӯзишӣ ва маъмуриятӣ бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) мерасонад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 973
  • 1,242
  • 949,993