Баҳодиҳии ҳолати омодабошии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба таъмин намудани омилҳои ба саломатии хонандагон мусоидаткунанда

Баҳодиҳии ҳолати омодабошии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба таъмин намудани омилҳои ба саломатии хонандагон мусоидаткунанда
Декабр 18
07:50 2020

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар ҷумҳурӣ баҳодиҳии ҳолати омодабошии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба таъмин намудани омилҳои ба саломатии хонандагон мусоидаткунанда оғоз гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади ба «Мактабҳои ба саломатӣ мусоидаткунанда», ки Тоҷикистон  аъзои шабакаи Аврупоии «Мактабҳои ба саломатӣ мусоидаткунанда» гардид, мутобиқ гардонидани мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуда истодааст.

Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дидан намуданд.

Дар назар аст, ки пас аз баргузории баҳодиҳӣ вобаста ба натиҷаҳои бадастомада ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам густариш ёфта, дар оянда барои дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муҳайё намудани муҳити бехатар барои саломатӣ чорабиниҳои иловагӣ анҷом дода мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 931
  • 1,242
  • 949,951