Ҷамолиддин Абдуллозода аз иншооти ҷашнӣ ва корхонаҳои шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард

Ҷамолиддин Абдуллозода аз иншооти ҷашнӣ ва корхонаҳои шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард
Декабр 18
08:24 2020

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз якчанд иншооти фаъол ва бунёдшудаистодаи шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Дар ин сафар мавсуфро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода нахуст аз раванди бунёди идораи Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд ошноӣ намуда, бо раванди корҳо аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатии “Суғдиён”, “Афранг пласт”, “Таҷпроф” ва “Хантана Канада” ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, роҳандозии хатҳои нави истеҳсолӣ ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешниҳод ва қабули ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла масъалаи саноатикунонии босуръат ё худ индустриаликунонии мамлакат, яке аз калидҳои пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода зимни боздиди худ аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ№19-и шаҳри мазкур ошноӣ пайдо намуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати ошкоро анҷом дод.

Бояд гуфт, ки дар микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд азнавсозии кӯдакистони №35 бомаром идома дорад ва аз ҷараёни корҳои сохтмонии он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода боздид ба амал овард.

Тавре иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистони мазкур бинобар ниёз ба таҷдиду азнавсозӣ доштанаш 20 сол инҷониб фаъолият надошт. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар 5 бинои ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби ширкатҳои ватании ҶДММ “Муҳандис” ва ҶДММ “Юсуф 2016” бо харҷи лоиҳавии 9 миллион сомонӣ оғоз гардида, корҳо бомаром идома доранд, ки фармоишгари сохтмон идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад. Кӯдакистони мазкур барои 320 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шуда, зимни азнавсозии кӯдакистон тамоми имконоти инфрасохтори муосир ба назари эътибор гирифта шудааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ба суръатбахшии корҳо ва босифат анҷом додани он ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд қайд намуд, ки баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 341 банд иборат мебошад, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки давоми солҳои 2018-2020 беш аз 224 банди нақшаи чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, беш аз 473 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷроиши 92,7 фоизи иншооти ба нақша гирифташударо дарбар мегирад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 971
  • 1,242
  • 949,991