Сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Апрел 17
13:57 2017

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди худро аз шаҳру ноҳияҳои  кишвар идома дода истодаанд. Дар доираи сафари навбатӣ гурӯҳи корӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид аз Марказҳои саломатӣ ва Беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод аз дастоварду пешравии табибон ва мушкилоти онҳо дар маҳалҳо огаҳ шуданд. Боздид аз Хона интернат барои касалиҳои бемориҳои рӯҳии Деҳмои ноҳияи Ҷаббор Расулов, марказҳои минтақавӣ барои маъюбон ва пиронсолони шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияи Деваштич имкон дод, ки бо шароити буду боши ниёзмандон дар ин муассисаҳо аз наздик шинос шаванд. Барои фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам хубтару беҳтар барои бошандагони ин ҷойҳо аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯзҳо ҷаласаи мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Суғд вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаи тандурустии вилоят дар се моҳи соли 2017 дар доираи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, имконияти қулай пайдо шуд, ки дар он ҳамчунин натиҷаҳои боздиди ҳайати кории вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии вилоят баррасӣ карда шаванд.

Зимни баромади худ дар ин ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода зикр намуд, ки “Бо назардошти моҳияти муҳими масъалаи сифати хизматрасонии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва семоҳаи якуми соли равон аз ҷониби Президенти кишвар оиди таҳлили ҷараёни азхудкунии маблағҳои ҷудошаванда, аз он ҷумла маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ, инчунин, оиди таҷдид ва таъмири муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, алалхусус муассисаҳои сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, пурзӯр намудани заминаи моддию техникии онҳо тавассути барномаҳои миллӣ супоришҳои мушаххас дода шуда буданд. Барои иҷрои супоришҳои мазкур вазорат дар якҷоягӣ  бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи барномаҳои рушд якчанд чорабиниҳои муҳимро ба анҷом расонидааст.

Гарчанде, ки дар давоми солҳои охир нишондиҳандаҳои солимии аҳолии вилоят беҳтар шуда бошанд ҳам, дар муқоиса дар баъзе ноҳияҳо дар сатҳи паст қарор доранд. Масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии вилоят нишондиҳандаҳои солимии модарону кӯдакон, аз ҷумла барои таъмини ташхису табобати нуқсонҳои модарзодии дилу дигар узвҳо, вазъи хизматрасонии беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, истифодаи усулҳои нав ва дастуру протоколҳои клиникиро дарбар мегиранд. Зиёд гардидани шумораи беморони гирифтори бемориҳои шадиди роҳҳои нафас аз сатҳи пасти корҳои профилактикию зиддиэпидемикӣ шаҳодат медиҳад. Хусусан ин масъала дар шаҳрҳои Исфараю Конибодом боиси нигаронӣ буда, таваҷҷӯҳи ҷиддии кормандони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитариро тақозо менамояд (ман дирӯз ба менеҷерони КАТС – и ин шаҳрҳо супориш дода, мӯҳлат муқаррар намудам).

Дар самти экспертизаи тиббию иҷтимоии маъюбон камбудиҳои зиёд низ ба назар расида, аз сатҳи пасти корҳои солимгардонӣ, бақайдгирию муоинаҳои саривақтӣ шаҳодат медиҳанд.

Пӯшида нест, ки яке аз омилҳои асосии барои хизматрасонии самаранок мусоидаткунанда ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва шароиту муҳити ташхису табобат мебошад. Дар айни замон аз ҷониби роҳбарияти вилоят, мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо сохторҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ корҳои таъмирию барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиросолон гузаронида шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки гарчанде дар солҳои охир бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қисми зиёди муассисаҳои тандурустӣ таъмиру тармим ва аз нав сохта, бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин шуда бошанд ҳам, то ҳол қисми зиёди муассисаҳои тандурустии кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо таъмирталаб буда, дастгоҳу таҷҳизотҳои тиббии онҳо кӯҳнаю фарсуда буда, сатҳи камтарини ташхису табобати беморонро таъмин карда наметавонанд. Дар баъзе маҳалҳо то ҳол марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ҷойҳои номутобиқ ҷойгир шудаанд (ин масъала дар ноҳияи Зафаробод мубрам мебошад). Мебояд, ки дар ин самт кор вусъат дода, ба ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дарёфти манбаҳои иловагии ғайрибуҷетӣ аҳамият дода шавад.

Яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии вилоят – ин сатҳи пасти ҳавасмандкунии мутахассисони соҳаи тандурустӣ  мебошад. Алалхусус барои дастгирии табибони оилавӣ, ки ба онҳо аҳолии вилоят ниёз дорад,  аҳамият додан зарур аст.

Сардорони раёсатҳои вазорат дар навбати худ аз муваффауияту камбудиҳои самтҳои алоҳида дар қаламрави вилоят изҳори надеша намуданд. Дар интиҳо вазир насим Олимзода баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ як уатор маслиҳату пешниҳодҳои худро иброз намуд. Аз ҷумла қайд карда шуда, ки  “Дар соҳаи тандурустии вилояти Суғд масъалаҳои таъминот бо кадрҳои баландихтисос ва дар маҳалҳо бо кор таъмин кардани онҳо,беҳтар намудани сифати нерӯи кадрии соҳа; таъсиси низоми самараноки таҳсилоти тиббӣ бо дарназардошти ҳавасмандсозии кормандони соҳа; беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст; азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ; назорати қатъии сифати дорувориҳо, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилотҳои ҳалталаб буда, аҳамияти ҷиддиро талаб менамоянд. Бояд дар ин самт корҳо вусъат дода, ҷиҳати дар тамоми муассисаҳои кӯмаки аввалия ворид намудани усулҳои оддию камарзиш дар сатҳи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ; бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳои ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ; танзими арзиши доруворӣ; пурзӯр намудани чорабиниҳои маърифатию иттилоотонӣ бо ҷалби васеи намояндагони ҷомеа, хусусан беҳтар намудани ҳамкории судманд бо воситаҳои ахбори омма; баланд бардоштани сатҳи маданияту фарҳангии кормандони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ; истифодаи васеи рукнҳои анъанавии одоби муошират; дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ тавассути ташаккули фаъолияти  муассисаҳои будубоши доимӣ ва тавонбахшии кӯдакони маъюб; дар сатҳи муносиб роҳандозӣ намудани  хизматрасонии иҷтимоӣ ҷиҳати татбиқи кафолатҳои иҷтимоии маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат дар миқёси ҷумҳурӣ; рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд”

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,063
  • 1,242
  • 950,083