Бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи оқилонаи неруи барқ вохурӣ доир гардид

Бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи оқилонаи неруи барқ вохурӣ доир гардид
Декабр 21
13:20 2020

Аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар вилояти Суғд  дар якҷоягӣ бо намояндагони як қатор сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан, бемории коронавируси нави COVID-19 ва истифодаи оқилонаи нерӯи барқ вохурии судманд доир гардид.

Зимни вохурӣ қайд карда шуд, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир шумораи гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишвар, махсусан дар шаҳри Хуҷанд коҳиш ёфта истодааст, ҳар кадоми моро зарур аст, ки қоидаҳои пешгирии онро қатъиян риоя намоем.

Тибқи тавсияи мутахассисони соҳа, истифодаи ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пайваста шӯстани дастон аз амалҳои муҳим дар самти пешгирии ин  беморӣ ба шумор мераванд. Бинобар ин, аз донишҷӯёни донишгоҳи мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки чӣ дар донишгоҳ ва чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан, бозору мағозаҳо ва дохили нақлиёти ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории мазкурро қатъиян риоя намоянд.

Ҳамзамон, зимни вохурӣ доир ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ бо донишҷӯёни донишгоҳи мазкур мулоқоти судманд доир гардид.

Таъкид гардид, ки маҳз бо роҳи истифодаи самаранок ва оқилона ҳар кадоми мо метавонем дар ин фасли сармо ҷиҳати таъмин намудани ҳар хонаводаи кишвар бо неруи барқ саҳмгузор бошем.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 970
  • 1,242
  • 949,990