Имрӯз 18 апрел дар толори филлиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявӣ илмии хун” Шурои ҳамохангсозӣ бо иштироки шарикони рушд баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ Нақшаи Шуро ва вазифаҳои он дар соли 2017 баррасӣ гардида, оид ба таъсиси гурӯҳ дар самти масъалаҳои ғизо дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар Шуро 15 ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла ташкилоти USAID масоили гузаронидани семинарҳои омузишӣ дар бораи назорати антенаталӣ, нигохубини кудакон, ғизои солим ва гушаи дехконро мавриди омузиш қарор дод.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон С. Маллазода оид ба мушкилотҳои ҷойдошта дар масоили бемории ВНМО, сил, иҷроиши протоколҳои клиникӣ, тестҳои оҷилӣ, таъмини сохтмон ва бо таҷҳизотҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Инчунин номбурда қайд намуд, ки; “ташрифи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумхурии Точикистон Насим Олимзода ба вилояти Хатлон, ки рӯзҳои 10 то 12 соли равон сурат гирифт ба сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар вилоят такони ҷиддие хоҳад дод”
Дар фарҷоми ҷаласа Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон С. Маллазода чорабиниҳои дар соли 2017 ба нақша гарифташударо бори дигар таъкид намуда аз мутахасисон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани онҳо ҳамаҷониба чораҳо андешида шавад.