Имрӯз, 22 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Атласи шаҳри Душанбе доир ба масъалаҳои маъюбӣ таҳти унвони “Дастрасӣ ба саломатии репродуктивии шахсони маъюбиятдошта: монеаҳо ва дурнамо” барои мутахассисони соҳаи тандурустӣ тренинги омӯзишӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб “Иштирок” Саида Иноятова, директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивӣ” Мунира Ғанизода, роҳбарони марказҳои солимии репродуктивӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода тренинги омӯзиширо ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсади асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар бораи ҳуқуқ ва солимии репродуктивии шахсони маъюбиятдошта, расонидани хидматҳо ба чунин шахсон бо дарназардошти эҳтиёҷоти онҳо, ташаккули муносибати таҳаммулпазирона ба шахсони маъюбиятдошта мебошад.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ба маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати кор ва фаъолияти онҳо тамоми шароит ва имконоти мусоидро фароҳам сохтааст.
Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ баромад намуда, ҳамзамон, атрофи мавзӯъҳои пешниҳодшуда бахши саволу ҷавоб доир гардид.