Натиҷагирӣ аз фаъолияти «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб»

Натиҷагирӣ аз фаъолияти «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб  «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб»
Декабр 22
15:06 2020

Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб  «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб» вобаста ба фаъолияти муассисаи мазкур дар соли равон  маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонов, роҳбарият ва кормандони муассиса иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки тавонбахшии маъюбон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба шумор рафта, дар ин самт  пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Номбурда иброз намуд, ки “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи  Варзоб” яке аз муассисаҳои фаъол дар самти ба тавонбахшӣ фаро гирифтани кӯдакони маъюб ба шумор меравад, ки дар он тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ҷаласа муовини директори муассисаи мазкур оид ба табобат Афғонов А вобаса ба фаъолияти муассиса дар соли 2020  баромад намуд.

Пас аз таҳлилҳо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодихон Ҷамшед  фаъолияти муассисаро дар  соли  равон  қаноатбахш арзёбӣ намуда, вазифаҳоро  барои  соли  2021 муайян  намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 916
  • 1,242
  • 949,936