Дар доираи нақшаи кории Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии роҳбарияти ташкилоти мазкур бо ҷавонони муассисаҳои тандурустии кишвар идома дорад. Чунин як вохурии судманд имрӯз, 24 декабри равон бо табибони ҷавони Таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки табибони ҷавон имрӯзҳо бояд ҳамчун як қувваи ёрирасон ба табибон дар самти пешгирии бемории COVID-19 саҳмгузор бошанд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси ташкилоти мазкур дар назди вазорат дар байни мардум гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии ҳар гуна бемориҳо мебошад. Айни замон, ки бемории коронавируси нави COVID-19 дар баробари кишварҳои олам сокинони кишвари моро низ нигарон намудааст, аъзоёни ин ташкилоти ҷамъиятиро, ки аксаран табибони ҷавон ва аз соҳа огоҳ мебошанд, зарур аст, ки дар самти пешгирии ин беморӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳро пурзӯр намоянд.
Дар навбати худ табибони ҷавон иброз доштанд, ки ҳамчун як қувваи ёрирасон дар паҳули табибони кишвар қарор гирифта, дар пешгирии бемории COVID-19 саҳми хешро хоҳанд гузошт.