Бохтар: Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба ниёзмандон кӯмак расонида шуд

Бохтар: Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба  ниёзмандон кӯмак расонида шуд
Декабр 24
16:23 2020

Дар пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кӯмак ба табақаҳои осебпазири ҷомеа аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон  ба як қатор ашхоси ниёзманди шаҳри Бохтар кӯмак расонида шуд.

Тавре сардори Сарраёсати мазкур Маҳмадҷон Абдулқодирзода  зимни тақдими кӯмакҳо иброз дошт, бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии камбизоатону маъюбон роҳбарияти Сарраёсат ва ҳайати кормандони он тасмим гирифтанд, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ ба як гурӯҳ маъюбону ниёзмандон кумакҳои иҷтимоӣ бирасонанд.

Бино ба гуфтаи номбурда, кӯмакҳои мазкур аз маводи хӯрока, ба мисли картошкаву пиёз, равған, биринҷу макарон ва ҳамчунин маводҳои гигиенаи шахсӣ ва ниқобу маводҳои антисептикӣ иборат мебошанд, ки  ба Беморхонаи вилоятии бемориҳои равонии шаҳри Бохтар, хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар ва ба беш аз даҳ нафар маъюбони дигари шаҳр расонида шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,059
  • 1,242
  • 950,079