Дар ҷаҳон зиёда аз 683 ҳазор ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус дар як шабонарӯз сабт шудааст

Дар ҷаҳон зиёда аз 683 ҳазор ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус дар як шабонарӯз сабт шудааст
Декабр 24
16:28 2020

Теъдоди ҳолатҳои  тасдиқшудаи сироятёбӣ бо коронавируси нав дар ҷаҳон аз марзи 79,05 миллион нафар гузашт ва  дар як шабонарӯз беш аз 683 ҳазор афзоиш ёфт. Маълумоти мазкуро имрӯз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) нашр кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

То имрӯз, то соати 10.00 (вақти Душанбе), ба СУТ дар бораи 79.057.616 ҳолати  сироятёбӣ ва 1.737.751 ҳодисаи  фавт   маълумот ворид шудааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ 683.249 нафар, фавтҳо 13.429 нафар зиёд шудааст.

Омори СУТ танҳо маълумоти расман тасдиқшудаи аз тарафи давлатҳо пешниҳодшуда  оид ба  ҳодисаҳои  сироятёбӣ ва маргу мир аз онро   дар бар мегирад.

Аксари ҳолатҳои  тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудаанд — 18 917 152. Пас аз он Ҳиндустон (10 123 778), Бразилия (7 366 677), Россия (2 933 753), Фаронса (2 505 875), Британияи Кабир (2 082 610), Италия (1 991 278), Испания (1 847 874), Германия  (1 587 908), Аргентина (1 563 865), Колумбия (1 544 826) ва Мексика (1 350 079) қарор доранд.

Ҳар садумин сокини сайёра сироят ёфтааст

Ҳамин тариқ, ҳар садумин сокини ҷаҳон ба коронавирус гирифтор шудааст. Саҳми гирифторони ин беморӣ беш аз 1% аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳад ва Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид то нимаи сол онро 7 миллиарду 795 миллион нафар арзёбӣ мекунад.

Афзоиши коронавирус дар саросари ҷаҳон  идома меёбад. То моҳи сентябр, вақте ки дар бисёр кишварҳои дунё ба истилоҳ мавҷи дуюми   сироятёбӣ  оғоз ёфт, дар ҷаҳон ҳар рӯз то 300 ҳазор ҳолат  сабт мешуд. Дар моҳи октябр, ин рақам дар як рӯз то ба 600 ҳазор ҳолат афзоиш ёфт. 20 декабр, бино ба маълумоти СУТ, ҳолати  рекорди нав сабт шуд — 800 ҳазор ҳодисаи  тасдиқшудаи сироятёбӣ дар давоми 24 соат.

Шумораи кишварҳое, ки дар онҳо зиёда аз 1 миллион нафар одамон ба коронавирус сироят ёфтаанд, то 16 адад афзоиш ёфтааст — дар Перу 1.000.153 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст.

Ҳамзамон, шумораи сироятшудагон дар Аврупо меафзояд ва дар Британияи Кабир шакли нави генетикии коронавирус ошкор шудааст. Мақомоти салтанат тахмин мекунанд, ки он назар ба шакли аввали уфунат метавонад ба маротиб сирояткунандатар бошад.

Шумораи аз ҳама зиёди фавтҳо ба сари 1 миллион аҳолӣ дар Белгия (1,62 ҳазор), Италия (1,15 ҳазор), Перу (1,12 ҳазор), Испания (1,05 ҳазор) ва Британияи Кабир (1 ҳазор) сабт шудааст. Дар ИМА ба 1 миллион нафар аҳолӣ 997 нафар ва дар Россия  356 нафар рост меояд.

Шумораи аз ҳама зиёди фавтҳо ба асари коронавирус маҷмӯан дар ИМА (322,6 ҳазор), Бразилия (188,2 ҳазор), Ҳиндустон (146,4 ҳазор) мебошад. Дар Федератсияи Россия 52,5 ҳазор нафар фавтидааст.

Дар Британияи Кабир, ки дар он ҷо штамми нави коронавирус сабт шудааст, афзоиши рекордии шабонарӯзии шумораи сироятёбӣ сабт шудааст — 36,8 ҳазор. Рекорди охирин 20 декабр сабт шуда буд.

Зиёда аз панҷоҳ давлат, аз ҷумла Федератсияи Россия, иртиботи  мусофиркашониро бо Бритониё қатъ намуданд.

АКСИ: Reuters

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,112
  • 1,242
  • 950,132