Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён туҳфаҳои идонаи Пешвои миллатро ба 316 нафар кӯдакони маъюби шаҳри Ҳисор расонид

Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён туҳфаҳои идонаи Пешвои миллатро ба 316 нафар кӯдакони маъюби шаҳри Ҳисор расонид
Декабр 25
13:37 2020

Дирӯз дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо тарбиягирандагон ва омӯзгорони муассиса мулоқот намуда, туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таманниёти солинавӣ ба маъюбону омӯзгорон тақдим намуданд. Кӯдакону наврасони маъюб аз ин меҳрубонӣ ва лутфу марҳамати Пешвои миллат  шод гардида, бо арзи сипосу эҳтиром дар васфи Ватан-модар, истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат намуданд.

Дар муассисаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус 316 нафар кӯдакони маъюб аз вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба тарбия фаро гирифта шудааст, ки онҳо  пайвастаи зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Дар ин муассиса кӯдакони маъюбро устодону мураббияҳои ғамхор бо меҳру муҳаббат парасторӣ менамоянд.

Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои муассиса аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири пурра гардида истодааст. То ин муддат толори маҷлисгоҳ, хобгоҳҳои кӯдакон ва як қисми дигари бино пурра таъмир шуда, шароити кӯдакони маъюб хуб гардидааст. Онҳоро бо аробачаҳои нави маъюбӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732