Имрӯз, 29 декабри соли равон дар доираи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 адад балони оксиген (кислород) тақдим гардид, ки дар маросими супоридани он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва намояндаи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни маросими супоридани таҷҳизот аз ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо барномаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи бақайдгирии бемории COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар як миқдор мавод ва таҷҳизоти тиббӣ кӯмак намуд.
Зикр гардид, ки балонҳои оксигении мазкур тибқи эҳтиёҷот ба беморхонаҳои кишвар дастрас карда хоҳанд шуд.