Сокини ноҳияи Қубодиён панҷгоник таваллуд намуд

Сокини ноҳияи Қубодиён панҷгоник таваллуд намуд
Декабр 31
13:01 2020

Дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” истиқоматкунандаи деҳаи Б.Ғафуров, ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Маматова панҷгоник таваллуд намуд. Панҷгоникҳо 3 духтар ва ду писар мебошанд.

Гуфта шуд, ки зан аз 11 декабри соли равон дар муассисаи мазкур зери назорати табибон қарор дошт  ва 30 декабр таваллуд намуд.

Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи саломатии Дилноза Маматова ва тифлҳои он имрӯз, 31 декабри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба муассисаи мазкур ташриф овард.

Аснои боздид номбурда бо вазъи саломатии панҷгоникҳо ва модари онҳо Дилноза Маматова  шинос шуда, ҷиҳати беҳтар расонидани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, ба муносибати Соли нави мелодӣ аз ҷониби Зулфия Абдусаматзода ба модари панҷгоникҳо туҳфаи хотирмон тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки айни замон вазъи саломатии  Дилноза Маматова ва панҷгоникҳо муътадил мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 973
  • 1,242
  • 949,993