Дастрасии шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф баррасӣ гардиданд

Дастрасии шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф баррасӣ гардиданд
Январ 05
13:54 2021

Имрӯз, 5 январи соли 2021 дар Муассисаи давлатии  “Пажӯҳишгоҳи тиббӣ- профилактикии Тоҷикистон” ҷаласаи ибтидоии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ доир ба татбиқи лоиҳаи таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон  доир гардид.

Дар кори ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед,  Роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Мунео Такасака ва як қатор мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бахшида ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ратификатсияи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон баргузор гардид.

Дар назар аст, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳрезишуда ҷиҳати татбиқи лоиҳаи тадқиқоти таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба маъюбон гузаронида шуда, омӯзиши интихобии хонаводаҳо ҷиҳати фаҳмидани дастрасии маъюбон ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, иштироки иҷтимоию иқтисодии онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва кафолатҳои иҷтимоии маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои пилотии кишвар гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба тасвиб расонида шуд. Айни замон ҷиҳати иҷрои “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалнамоии Комиссия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон», ки ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 тасдиқ  гардидааст, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи системаи он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

 

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 917
  • 1,242
  • 949,937