Имрӯз дар маркази Вефа оид гузаронидани рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори ” Солимии кӯдакон вазифаи аввалиндараҷаи калонсолон аст” ҷаласа баргузор гардид. чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар кори он роҳбарият, мутахассисони Вазорат ва сохторҳои он, шарикони рушд ва кормандони ВАО иштирок намуданд.
Мирҳамудин Камолзода, муовини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ зикр намуд, ки тайи 10 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти иммунизатсия пешравиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол қабл ҳачун кишвари озод аз бемории сурхча арзёбӣ гардида буд, ва ҳодисаҳои гирифтории бемории сурхча ба қайд гирифта намешуданд. Вале аз соли 2016 то имрӯз ба қайдгирии ин беморӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида расиданд. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва дастгирии шарикони рушд, хусусан хазинаи кӯдакони СММ ва ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 15 то 26 майи соли равон рӯзҳои иловагии иммунизатсия бар зидди бемории сурхча ва гулафшон гузаронида мешавад» Ҳамчунин Боир Шомуддинов, мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» илова намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳо қарор додааст, ки бемориҳои сурхча ва гулафшонро дар қаламрави худ комилан барҳам диҳад. Бинобар ин, ҳар як кӯдаки аз синни 1 то 9 сола бояд дар давоми Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ ҳатман ба иммунизатсия фаро гирифта шавад.
Маврид ба зикр аст, ки мақсади баргузор намудани чорабинии мазкур сафарбаркунии ҷомеа ҷиҳати дар сатҳи баллад фаро гирифтани уммунизатсия дар рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон мебошад.
Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон рӯзҳои 15 то 26 майи соли равон гузаронида мешавад.