Аз фаъолияти солонаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти солонаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он натиҷагирӣ карда шуд
Январ 07
16:00 2021

Имрӯз, 7 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов вобаста ба ҷамъбасти солонаи фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар соли 2020 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят иштирок  намуданд.

Нахуст барои фаъолияти пурсамар дар ҳифзи сиҳатии омма дар давраи пандемияи COVID-19 як қатор кормандони соҳаи тибби  вилоят, аз ҷумла табибон, кормандони миёнаи тиб ва кормандони техникии муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Хатлон, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Туҳфаҳоро дар вазъияти тантанавӣ  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ва дигар шахсони расмӣ супориданд.

Сипас, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Саидов Ҷ доир ба фаъолияти раёсати мазкур дар соли 2020 баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки дар ин давра ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, махсусан дар самти  иҷроиши барнома ва стратегияҳои соҳавӣ, паст намудани фавти модар ва кӯдак, риояи талаботи хатнаи кӯдакон дар муассисаҳои тиббӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тақвият бахшидани соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла  кӯмак ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа  як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Дар охир аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои мавҷуда ва дар ин самт беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 915
  • 1,242
  • 949,935