Аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ натиҷагирӣ карда шуд
Январ 12
13:21 2021

Имрӯз, 12 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2020 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони беморхонаҳо,  муассисаҳои КАТС ва сардорони хадамотҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ новобаста аз мушкилоти ба вуҷуд омада, яъне паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 дар фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  навгониҳои соҳавӣ ба вуҷуд омаданд. Махсусан, дар ин давра як қатор муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд ва бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҳамин тавр, дар ҷаласа фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Махсусан, таваҷҷуҳи хоса ба таъмин намудани беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо табибони баландихтисос зоҳир гардид.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 953
  • 1,242
  • 949,973