Май 02
15:22
2017
Чанде қабл дар Беморхонаи рақами №1 ҷамоати деҳоти Ғараути ноҳияи Дустӣ шуъбаи ҷарроҳӣ, ки солҳои зиёд фаъолият надошт эҳё карда шуд. Шуъбаи мазкур бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳаз гардонида шуд. Ҳамзамон дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Г.Гулмурод Бунгоҳи саломатии «Тоҷикобод» сохта ба истифода дода шуд. Иқдоми мазкур бо дастгирии Созмони Миллали Мутаҳид руи даст гирифта шудааст. Дар кушодашавии иншооти зикргардида намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Салохиддин раиси нохияи Дустӣ, намояндагони ташкилоти Созмони Миллалӣ Мутаҳид дар Тоҷикистон иштирок намуда ба фаъолият шурӯъ гардидани чунин иншоотро дар пешрафти саҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар баланд арзёбӣ намуданд.