Май 02
15:23
2017
Чанде қабл дар деҳаи Лангари шаҳри Норак дар асоси дастур ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузор намудани чорабинии маърифатию иттилоотӣ таҳти унвони “Корвони маърифат”, бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба, “Корвони саломатӣ” гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур 1638 нафар шаҳрвандон аз кӯмаки ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд.