Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

Май 03
15:24 2017

Дар асоси озмун ба раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ аз рӯи мансабҳои зерин ба кор қабул карда мешаванд:

Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ:

– сармутахассиси Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳоибайналмилалӣ (1 ҷой), маош 1092 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, гуманитарӣ (донистани забони англисӣ).

Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир:

-мутахассиси Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.

          Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила:

– мутахассиси пешбари бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ватанзими оила (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;

– мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасони Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ватанзими оила (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.

Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ:

-мутахассиси пешбари бахши хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, гуманитарӣ.

Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

– мутахассиси пешбари Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии иқтисодчӣ.

Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии фаврии тиббӣ:

– мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ.

         Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

– мутахассиси пешбари Шуъбаи рушди ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1ҷой), маош 889,20 сомонӣ;

талабот барои довталаб маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодчӣ ва кори иҷтимоӣ.

Шуъбаи ҳуқуқ:

– мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳуқуқ(1ҷой), маош 889,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ.

Шӯъбаи назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус:

– мутахассиси Шӯъбаи назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус (1ҷой), маош 733,20 сомонӣ;

талабот барои довталабон: маълумоти олии гуманитарӣ.

Бахши котибот:

– ёрдамчии вазир (1ҷой), маош 1151,50 сомонӣ

талабот барои довталабон: маълумоти олии гуманитарӣ, омӯзгорӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

– шарҳи ҳол;

– нусхаи диплом;

– 2 дона расми 3х4;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволишахсӣ;

– нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

– СИН;

– маълумотнома аз ҷои истиқомат;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №020;

– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед).

Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби

– мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои

мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи мо:Индекс 734025  ш. Душанбе, кӯчаи  Шевченко 69,

тел. 221-19-59, почтаи эл: info@moh.tj

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон.

Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки аз озмун  нагузаштаанд, баргардонида  мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 729
  • 1,242
  • 949,749