Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (АКС)

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (АКС)
Январ 23
11:50 2021

Имрӯз, 23 январи соли равон бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, роҳбарият ва кормандони хадамот, раёсат ва муассисаҳои соҳавӣ, шӯъабҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда,  сухани табрикотиро ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни сухани табрикотии хеш аз номи худ ва ҳайати мушовараи вазорат кулли кормандони соҳа, роҳбарон, мутахассисон ва коргарони ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо Рӯзи касбиашон самимона муборакбод гуфта, ба эшон тани сиҳату умри бобаракат ва дар корҳояшон муваффақиятҳо орзу намуд.

Дар сухани табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар қайд карда шуд, ки масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, ветеранҳои ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар ҳамаи суханронӣ, баромаду маърӯзаҳояшон дар ин мавзӯъ махсусан таъкид менамоянд, ки ин табақаҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд. Чунончӣ, дар Паёми хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 бори дигар изҳор намуда буданд, ки “Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, Ҳукумати кишвар минбаъд низ ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кӯмак мерасонад ва бовар дорам, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторҳои давлатӣ дар амалҳои хайру савоб боз ҳам фаъолона саҳм хоҳанд гузошт”.

Тавре  таъкид гардид, ҳамасола Сарвари давлат ба масъалаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон дастуру супоришҳои мушаххас ироа менамоянд. Ҳамзамон, вазифагузорӣ менамоянд, ки вобаста ба солимгардонии маъюбон, ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба маъюбият ва дастгирии иҷтимоии ниёзмандон амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки воқеан низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат баромад карда, мақсад ва вазифаҳои он пеш аз ҳама ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона карда шудааст. Ноил шудан ба ин мақсадҳо суботи ҷамъият ва некуаҳволии мардуми кишварро муҳайё хоҳад кард.  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири таъмини кафолатҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои саривақтию босамари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муттасил беҳтар гардида, доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фарогирифташуда бамаротиб афзуда истодааст, ки ин далели фаъолияти пурсамар ва меҳнати софдилонаи кормандони соҳавӣ ба шумор рафта, ҳамзамон боиси эътимоди рӯзафзуни ниёзмандон ба хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ гардидааст.

Зикр гардид, ки дар давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ ва хусусан, дар соли сипаригардида дар ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дастовардҳои назаррасе ба даст оварда шудаанд.

-Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар пешрафти соҳа ва амалӣ гардидани мақсаду мароми вазорат саҳми шарикон оид ба рушд, созмонҳои байналхалқию ташкилотҳои ҷамъиятии ватанӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Чӣ дар заминаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва чӣ дар самти анҷом додани корҳои амалии соҳавӣ, ба монанди расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ, ташкили хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон ташкилоту муассисаҳо ва кормандони иҷтимоӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд. Ҳамин дастоварду натиҷаҳои босамари фаъолияти кормандони соҳа ва дигар ашхосе, ки дар рушду нумуи соҳа саҳм гузоштаанд, ба эътибор гирифта, роҳбарияти вазорат имрӯз ба  онҳо изҳори миннатдорӣ менамояд.

Боварии комил дорам, ки мо кормандони соҳа баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаи худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ ва ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, баҳри бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти ватани азизамон ҳама якҷоя кушиш ба харҷ медиҳем”,-иброз намуд дар хотимаи сухани табрикотии хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дар поёни чорабинии идона муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо нишони сарисинагии “85-солагии таъсисёбии  Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ” ва як қатор кормандони соҳа бо нишони сарисинагии “Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, Сипоснома  ва Ифтихорнома-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ  қадрдонӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 25 январ  Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қайд карда мешавад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,036
  • 1,242
  • 950,056