Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Январ 28
17:24 2021

Бегоҳии имрӯз, 28 январи равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии  шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи онлайн иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони  мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни  мамлакатро   дарбар мегирад.

Номбурда иброз дошт, ки дар Паёми  навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии мамлакат мақоми хоса доштанд.

Гуфта шуд, ки ҳадаф ва мақсади амалӣ  гардонидани стратегияҳои мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардуми кишвар ба шумор мераванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Бо назардошти он, ки давоми солҳои охир сироятёбӣ ва барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст, Сарвари давлат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар супориш доданд, ки таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъсиси Маркази мазкур аллакай аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Дар идомаи ҷаласа дигар масъала ва нуқтаҳои муҳими Паём мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охири ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 973
  • 1,242
  • 949,993