бо мақсади шарҳу тавсеҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоии бевосита пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ, андешидани чораҳои фаврӣ дар самти ҳалли камбудиву мушкилотҳои ҷойдошта ва таҳлилу баррасии вазъи соҳа имрӯз, 29 январи соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат мулоқот намуд.
Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ба ҳозирин расонида, аз ҷумла иброз дошт, ки изҳори сипосу миннатдории Сарвари давлат, ки зимни ироаи Паёми хеш ба кормандони соҳаи тандурустӣ иброз доштанд, мо-кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро водор месозанд, ки аз пештара бештар кӯшиш ва талош намуда, хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар намоем.
Ҳамзамон, Зулфия Абдусаматзода зимни мулоқот бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан, хизматрасонии босифати тиббӣ ба модар ва кӯдак, муоширати табибон бо беморон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.