Кӯмаки Барномаи рушди СММ ҷиҳати муомилот бо партовҳои тиббӣ

Кӯмаки Барномаи рушди СММ ҷиҳати муомилот бо партовҳои тиббӣ
Феврал 03
10:07 2021

2 феврали соли 2021 Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муомилоти бехатар ва нобудсозии партовҳои сироятӣ ва паст намудани таъсири сирояти коронавируси COVID-19 ба муҳити атроф ва солимии аҳолӣ ба як қатор муассисаҳои тиббии мамлакат маводҳо барои муомилот бо партовҳои тиббиро дастрас намуд.

Дар  доираи ин иқдом 20,000 қуттиҳо барои ҷамъоварии партовҳои тиббии гурӯҳҳои А, Б, В ва Г, 1,00 қуттиҳои бехатарӣ, 400 ҷуфт дастпўшакҳои хоҷагидорӣ, 200 адад пешдоманҳои истифодаашон бисёркарата, 100 адад контейнерҳои махсус барои ҷамъоварии партовҳои хатарнок ба муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Рўдакӣ, Варзоб, Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав (аз ҷумла ба 400 нафар занон-ҳамшираҳои шафқат) бо мақсади беҳтар намудани таҷрибаи муомилот бо партовҳои тиббӣ дар сатҳи беморхонаҳо ва таъмини пешгирии сирояти дохилибеморхонагӣ дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи идоракунии партовҳои соҳаи тандурустии БРСММ ба ҳалли масоили афзоиши бемайлони партовҳои тиббӣ ва хатарнок дар натиҷаи пандемияи COVID-19 нигаронида шудааст. Набудани технологияи дастраси идоракунии партовҳои тиббӣ ва таҷҳизотҳои муосири ҷавобгў ба талаботҳои стандартҳои экологӣ, хусусан дорои қобилияти назорати партовҳои ба ҳаво ихроҷшаванда ба қишрҳои васеъи аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Иқдоми мазкур ба муассисаҳои тиббии кишвар имкон медиҳад, ки назорати сироятӣ беҳтар карда шавад, чораҳои бехатарӣ дастгирӣ карда шаванд ва хавфҳои пайдо шудани дигар бемориҳои сирояти коҳиш дода шаванд.

Маблағгузорӣ барои таъминот як қисми кӯшишҳои БРСММ оид ба вокуниш ба COVID-19 дар Тоҷикистон мебошад ва бо омодагии COVID-19 дар кишвар ва талошҳои вокуниш ба паст кардани таъсири эҳтимолии пандемия ба аҳолии зери хатар дар Тоҷикистон мувофиқат мекунад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 994
  • 1,242
  • 950,014