Фаъолияти якҷоя дар мубориза бар зидди бемории сил байни занон

Май 12
09:53 2017

Санаи 11 майи соли равон  дар меҳмонхонаи «Лотус»-и шаҳри Душанбе доир ба мавзӯи «Фаъолияти якҷоя дар мубориза бар зидди бемории сил байни занон» ҷаласа доир гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.  Дар кори ҷаласа   намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои маҳалливу байналмилалӣ иштирок  намуданд.

Дар кори чорабинӣнамояндаи  Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Саманта Хафман  баён намуд, ки аз соли 2016 то имрӯз бо мусоидати USAID дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» корҳои фаҳмондадиҳӣ байни занони минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Суғд, Хатлон ва водии Рашт доир карда шуданд.

Гуфта мешавад ҳадафи асосии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занҳо- ин огоҳӣ, пешгирӣ ва табобати саривақтии бемории сил мебошад. Дар натиҷаи чунин ҳамоишҳо ба зиёда аз 5 ҳазор нафар занон доир ба бемории  сил маълумоти зарурӣ дода шуд ва беш аз 1200 нафар занони минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки аломатҳои бемории сил дар онҳо дида мешуд, ба табобат фаро гирифта шуданд.

Бобоҷон Шарипов -муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 9 миллион нафар одамон гирифтори бемории сил мегарданд. Солҳои  охир дар ҷаҳон  паҳншавии бемории сил 1,5 фоиз ва фавт аз 45 то 47 фоиз  коҳиш дода шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 951
  • 1,242
  • 949,971