Сокинони Кӯлоб: Корвони саломатӣ айни муддао буд

Май 15
09:56 2017

Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он омадани Корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таи чанд рӯз интизор буданд. Аз субҳи барвақт  сокинон бо аҳли хонавода ҷониби Маркази саломатӣ ва Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб роҳ пеш гирифтанд. Дар ин рӯз беш аз 65 нафар муттахассисони баландпояи соҳа, устодони муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ, директорони марказҳои ҷумҳуриявӣ,мутахассисони варзидаи соҳа ба мардум хизмати бостфати тиббӣ расониданд. Маслиҳату машварат, ташхис ва дастурҳои иттолоотӣ барои ҳамагон тариқи ройгон пешниҳод карда шуд. Дар доираи Корвони саломатӣ қариб 5 ҳазор нафар шаҳрвандон аз маслиҳату машварати табибон ва ташхиси ройгон баҳраманд шуданд. Ҳамчунин беш аз 20 амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ, 12 ташхиси гаронарзиши томографияи компютерӣ ва 29 ташхиси ЭЭГ тариқи ройгон гузаронида шуд. Ба маъюбони ниёзманд 3 адад аробачаи маъюбӣ ва 3 ҷуфт асобағал дастрас карда шуд. Дар ин рӯз мошинҳои  сайёри флюрографӣ, ташхиси ҷузъҳои хун, ташхиси ВНМО, ташхиси бемориҳои сироятӣ сафарбар карда шуданд, ки барои  сари вақт гузаронидани ташхис барои машварат бо мутахассисон мусоидат намуданд. Ҳамчунин мутахассисони  муассисаҳои марказӣ дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, сабти барқии кори дил, ташхиси гастроскопӣ, офталмологӣ,  гӯшу гулӯ ва бинӣ ва дигар асбобҳои заруриро ба худ доштанд. Ҳамзамон  аз ҷониби масъулон ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ маводҳои тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахши ҷумҳурӣ дар Гӯшаи гиёҳдармонӣ пешкаши  мардум гардонида шуд.

Сокинони минтақаи Кӯлоб изҳор доштанд, ки дар айни ҳол ташрифи табибони баландпояи  муассисаҳои марказӣ барои дастгирии моливии онҳо кӯмаки зиёд мерасонанд. Ба хусус барои пиронсолону кӯдакон ва занони ҳомилаву гирифторони бемориҳои вазнин омадан ба муассисаҳои шаҳрӣ осон нест ва аз назари молиявӣ низ на ҳамаи мардум имкони  ташриф ба назди якчанд мутахассиро дар як вақт доранд. Дар ин ҷо бошад бидуни ҳеҷ гуна пардохти маблағ ҳам аз ташхис мегузарӣ, ҳам маслиҳат медиҳанд ва табобат таъин мекунанд.

Дар доираи ин чорабинӣ  аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа қабули сайёри шаҳрвандон дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд ва бо истифода аз фурсати муносиб шаҳрвандон тавонистанд бо масъалаҳои мухталифи худ ба роҳбарияти Вазорат муроҷиат кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 907
  • 1,242
  • 949,927