6 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон маъюби гуруҳи якум Ҳасанҷон Наврӯззодаро аёдат кард.
Зимни аёдат Раиси вилоят таъкид кард, ки роҳбарияти вилоят бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва дар маҷмуъ қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин ашхосро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Сипас, Раиси вилоят ба манзили сокини Ҷамоати деҳоти Палдорак, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шокир Ҳотамов ташриф оварда, аз ҳоли собиқадори ҷангу меҳнат хабар гирифт. Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз диловариҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба собиқадор хушбахтиву тансиҳатӣ ва рӯзгори осударо орзу намуд.
Аз тарафи Раиси вилоят ба аёдатшудагон кумакҳои моддӣ расонида шуд.