ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар беморхонаи минтақавии Сучони Шуғнон бинои иловагии дуошёна бунёд мешавад

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар беморхонаи минтақавии Сучони Шуғнон бинои иловагии дуошёна бунёд мешавад
Феврал 10
14:49 2021

Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ барои табибону табобати беморон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шарикони рушд, ҳамчунин бо дастгирии сокинони Ҷамоати деҳоти Сучон барои беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бинои иловагии дуошёна бунёд карда мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Мутобиқи лоиҳаи сохтмон, дар ошёнаи якум ошхонаю ҳаммом ва дар ошёнаи дуюм се утоқ барои муолиҷаи беморон ташкил карда мешавад.

Сохтмони бино аз шашмоҳаи дуюми соли 2020 оғоз гардида, айни ҳол қариб 70 фисади корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Дар бунёди иншооти номбурда қувваи корӣ аз ҷониби худи сокинони Ҷамоати деҳоти Сучон ташкил карда шуда, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии беморхона аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шарикони рушд таъмин карда мешавад.

Мутобиқи нақша, бинои иловагии беморхона бояд то моҳи майи имсол мавриди истифода қарор гирад.

Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти номбурда дидан намуда, ба масъулини мақомоти дахлдори ноҳия дастури мушаххас дод, ки барои ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз буҷети ноҳия иловатан маблағҳои зарурӣ равона намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 997
  • 1,242
  • 950,017