Имрӯз, 15 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушбахт Шарифзода ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо роҳбарият ва кормандони он мулоқот намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, беморхонаи мазкур пас аз таъмир гардидан ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштааст ва дар он тамоми шароит ва имконот барои табобати беморон фароҳам оварда шудааст.
Зимни мулоқот вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур баҳри заҳматҳои шабонарӯзияшон дар давраи паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Дар идомаи вохурӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагиро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маврид ба зикр аст, ки заҳмат ва талошҳои хастанопазири табибони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишвар назаррас мебошад. Аз ин ҷост, ки 18 августи соли 2020 бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ якчанд табибони беморхонаи мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.